Бозии «Хайр» ва «Шайх Рассел»-ро ҳакамони Қатар доварӣ мекунанд

Ҳайати доварони ҳакамикунандаи бозии байни дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон-2014 – «Хайр»-и Ваҳдат ва чемпиони Бангладеш «Шайх-Рассел» дар доираи марҳилаи дуюми квалификатсионии Ҷоми КФО-2015 маълум шуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозиро, ки рӯзи 10 феврал, соати 13.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳайати доварон аз давлати Қатар […]

ASIA-Plus



Ҳайати доварони ҳакамикунандаи бозии байни дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон-2014 – «Хайр»-и Ваҳдат ва чемпиони Бангладеш «Шайх-Рассел» дар доираи марҳилаи дуюми квалификатсионии Ҷоми КФО-2015 маълум шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозиро, ки рӯзи 10 феврал, соати 13.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳайати доварон аз давлати Қатар ҳакамӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, сардовари бозӣ, рефери ФИФА Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассими 27-сола мебошад. Доварони канорӣ ҳамватанони ӯ Ҷума Муҳаммад Ал-Буршаид ва Саул Аҳмад Ал-Макалеҳ мебошанд, ки ҳар ду 26 сола мебошанд. Вазифаи довари эҳтиётиро низ Хамис Муҳаммад Ал-Куварии 32 солаи қатарӣ бар уҳда дорад. Комиссари ин бозӣ сардори шӯъбаи техникии Федератсияи футболи Узбекистон Алим Арифов таъин шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.