Муовини аввали роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ генерал-майор Вайсиддин Азаматов пас аз бемории начандон тӯлонӣ нимаи имрӯз дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппа дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт.
Марҳум соли 2007 ба мансаби муовини аввали директори АНМН таъин шуда, то ба ин вазифа таъин шудан ба ҳайси сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон фаъолият мекард.
Солҳои тӯлонӣ дар низоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор карда, дар замони шӯравӣ дар кумитаи Ҳизби коммунист дар ноҳияи Данғара фаъолият намудааст. Хатмкардаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд мебошад.



