Оғози даъвоҳои ҲНИТ ба суд дар робита ба интихобот

Тибқи иттилоъи масъулини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар маҳалҳо, масъулини бахшҳои ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд ва Панҷакент рӯйхати намояндагони ҳизбро барои вуруд ба ҳайати комиссияҳои участкавии интихоботӣ пешниҳод карданд, аммо Комиссияҳои ҳавзавӣ аз вуруди ишон дар комиссияҳои участкавӣ худдорӣ намуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, комиссияҳои ҳавзавӣ далели радди вуруди ишонро чунин шарҳ додаанд: […]

ASIA-Plus



Тибқи иттилоъи масъулини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар маҳалҳо, масъулини бахшҳои ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд ва Панҷакент рӯйхати намояндагони ҳизбро барои вуруд ба ҳайати комиссияҳои участкавии интихоботӣ пешниҳод карданд, аммо Комиссияҳои ҳавзавӣ аз вуруди ишон дар комиссияҳои участкавӣ худдорӣ намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, комиссияҳои ҳавзавӣ далели радди вуруди ишонро чунин шарҳ додаанд: “Дар қонуни конститутсионии мазкур (Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси олии ҶТ”) ворид намудани намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ ба ҳайати комиссияҳои участкавии интихоботӣ, пешбинӣ нашудааст.”

Гуфта мешавад, аммо Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, моддаи 17 гуфтааст, ки ҳизби сиёсӣ “дар комиссияҳои интихоботӣ метавонад намояндагӣ кунад.” Ҳамчунин, Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ” вуруди намояндаҳои аҳзоби сиёсиро манъ накардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки бахши Ҳизби наҳзат дар ноҳияи Панҷакент баъди радди рӯйхати намояндаҳояш аз тарафи Комиссияи ҳавзавии ноҳия ба Суди ноҳия муроҷиат кардааст, аммо Суди ноҳиясанаи 12-уми январ, қазияро ба фоидаи Комиссияи ҳавзавӣ ҳал кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.