Беш аз 1,1 млн. метри мураббаъ манзил дар соли 2014

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1 млн. 100 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2013 ба андозаи 14% зиёдтар аст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумии нав бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нишаст, […]

Пайрав Чоршанбиев



Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1 млн. 100 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2013 ба андозаи 14% зиёдтар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумии нав бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нишаст, муассисаҳои томактабӣ барои 1,2 ҳазор нафар кӯдакон, дармонгоҳҳои дорои имкони қабули 665 нафар беморон дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон нақшаҳои генералии 30 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таҳия ва мавриди амалисозӣ қарор доранд.

«Нақшаи генералии ноҳияи Темурмалик таҳия ва ба баррасии ҳукумат пешниҳод гардида, нақшаҳои генералии боз 8 шаҳру навоҳӣ дар марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд», – гуфтанд дар Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки корҳои таҳияи нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бохтар, Восеъ, Ҷаббор Расулов, Мурғоб, Варзоб, Ғончӣ, Ашт ва Ҷомӣ пурра ба итмом расида, корҳои таҳияи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод идома доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.