Шуҳрат Қудратов ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Имрӯз суди шаҳри Душанбе адвокат Шуҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ манъ карда шуд. Шуҳрат Қудратов тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – додани пора ва қаллобӣ гунаҳкор дониста шуда, тибқи моддаи аввал суд ӯро ба 6 […]

Мавзуна Абдуллоева



Имрӯз суди шаҳри Душанбе адвокат Шуҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ манъ карда шуд.

Шуҳрат Қудратов тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – додани пора ва қаллобӣ гунаҳкор дониста шуда, тибқи моддаи аввал суд ӯро ба 6 сол ва тибқи моддаи дуюм ба 8 соли зиндон маҳкум намуда, аммо бо назардошти қонуни афв, муҳлати ҷазо то 9 сол кам карда шуд.

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта,

дар мурофиаи судии идомадошта

оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, зимни сухани ниҳоии худ айбдоршаванда аз суд дархост намуд, ки ба айбнома баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, бегуноҳии ӯ эътироф карда шавад.

Дар сухани ниҳоии худ Шуҳрат Қудратов ҳамчунин аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ оид ба мусодираи амволаш изҳори норозигӣ карда, иброз дошт, ки «аввал исбот кунед, ки телефони ба сифати далели шайъӣ мусодирашуда ва мошини ба ҳабс гирифташудаи ман бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, сипас мусодира кунед».

Санаи 7-уми январ Самандар Абдуллозода, айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, айбдоркунандаро тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, аз суд дархост намуд, ки ӯро 

ба 11 соли зиндони низомаш шадид

 маҳкум кунад.

Ёдрас мекунем, ки маводи парвандаи мазкур санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ 

ба суд ирсол шуд.

Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фиристода шуда, сипас ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв, метавонад озод карда шавад.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки чанд рӯз қабл судяи суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт Диловар Саидов дар бораи 

мусодираи 22 ҳазор доллари ИМА-и

 аз манзили адвокати боздоштшуда Шуҳрат Қудратов дарёфтшуда ба нафъи ҷабрдида аз таҷовуз ба номус Моҳира Бобораҷабова ҳалнома содир намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.