Толиб Айёмбеков қисмати зиёди қарзи «Амонатбонк»-ро пардохт

Собиқ қумондони саҳроии Бадахшон Толиб Айёмбеков қисмати зиёди қарзи гирифтааш аз Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк»-ро баргардонид. Роҳбари «Амонтабонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки қарзи Айёмбеков назди бонк боз 157 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст. «Мо ҳамеша бо ӯ дар робита буда, ваъда дод, ки то ахири ҳамин моҳ боз […]

ASIA-Plus



Собиқ қумондони саҳроии Бадахшон Толиб Айёмбеков қисмати зиёди қарзи гирифтааш аз Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк»-ро баргардонид.

Роҳбари «Амонтабонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки қарзи Айёмбеков назди бонк боз 157 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст. «Мо ҳамеша бо ӯ дар робита буда, ваъда дод, ки то ахири ҳамин моҳ боз 25 ҳазор сомонии дигар маблағи қарзро пардохт мекунад», – иброз дошт номбурда.

Ба қавли раиси бонк, Айёмбеков ҳеҷ гоҳ далели аз «Амонатобонк» қарздор буданашро инкор накарда, бо онҳо «робитаи хуб дорад».

Ёдрас мекунем, ки соли 2010 Толиб Айёмбеков ва писари ӯ Ғуломалӣ Абдураҳмонов аз «Амонатбонк» дар ҳаҷми 455 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, тибқи шартнома уҳдадор шуданд, ки онро дар муддати ду сол бармегардонанд.

Толиб Айёмбеков бародари қумондони саҳроии маъруфи собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Абдуламон Айёмбеков (маъруф бо лақаби Алёша-Горбун) мебошад. А.Айёмбеков соли 1994 дар синни 34-солагӣ дар Бадахшон кушта шуд.

Дар ҳамин ҳол, раиси «Амонатбонк» ҳамчунин қайд кард, ки шаҳрванд Оламбибӣ Гулдарбоғова, ки соли 2008 бо супориши қумондони дигари Бадахшон Ёдгор Мамадасламов аз «Амонатбонк» қарз гирифта буд, қарзаш ба маблағи 355 ҳазор сомониро пурра ба бонк пардохт намудааст. «Соли 2014 дар маҷмӯъ 30 млн. сомонӣ аз воситаҳои қарзии вобаста ба мушкилот ба бонк баргардонида шуд», – афзуд Нурмаҳмадзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.