Имрӯз вакилони парлумон лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз ҷониби як гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ» дар таҳрири навро ҷонибдорӣ намуданд.
Яке аз муаллифони лоиҳаи нави қонун, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар муқоиса бо қонуни қаблӣ дар ин лоиҳа тартиби аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудани унвонҳои илмӣ, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар ба он ноил гардидаанд, пешбинӣ шудааст. «Мо мутмаинем, ки лоиҳаи нави қонун дар самти рақобати носолими илмӣ садди боэътимод гузошта, монеъаҳо дар масъалаи таҳқиқоти илмимро бартараф месозад», – гуфт Раҳимӣ.
Ба қавли вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Лутуфулло Саидмуродов, ҳукумати Тоҷикистон сол то сол ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи илми ватаниро афзуда, агар соли гузашта барои рушди илм ҳудуди 362 млн. сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас соли 2020 ин ҳаҷм то ба 600 млн. сомонӣ мерасад.
Зимни суханронӣ доир ба ин масъала раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов қайд кард, ки ба ҳукумат таҳия намудани механизми бозгашти олимони тоҷик зарур аст, ки имрӯз қариб дар саросари ҷаҳон фаъолият доранд.
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии худ аз президенти Академияи илмҳо даъват намуд, ки илмро ба хизмати сиёсат вогузор накарда, сиёсатро илмӣ созанд.
Дар посух ба ин ишораи Кабирӣ президенти Акадамеияи илмҳои ҷумҳурӣ ба номбар кардани дастовардҳои илмии кишвар дар соли гузашта оғоз кард. «Соли гузашта Академияи илмҳои ҶТ беш аз 4,5 млн. сомонӣ маблағ кор карда, мо беш аз 1 ҳазору 200 гузоришҳои илмӣ таҳия намудем», – қайд кард Раҳимӣ.
Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита изҳор намуд, ки 4 млн. сомонӣ маблағ дар як сол магар ҳамин ҳам дастовард аст? «Ин шармандагии илми тоҷик аст! Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон Академияи илмҳо вуҷуд надорад, озмоишгоҳҳои илмӣ амал мекунанд, ки барои 1 патент то 500-600 млн. доллари ИМА ба даст оварда метавонанд», – зикр кард Зуҳуров.
Ба қавли раиси палатаи поёнии парлумон, аз ҳазорҳо гузоришҳои илмии олимони тоҷик аҳолии кишвар огаҳ нест, зеро онҳо шавқовару мароқангез нестанд.



