Ба ҷойи макони бозии кӯдакон биноҳои наву кӯдакон ба марказҳои фароғатӣ

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилзода зимни нишасти хабарии имрӯза сабаби ба ҷойи майдончаҳо барои бозиву сайругашти кӯдакон ва бевосита дар наздикии манзилҳои зисти дигар қомат афрохтани биноҳои нав дар пойтахти кишварро шарҳ дод. «Афзоиши шумори аҳолии шаҳрро мебояд ба инобат гирифт», – иброз дошт ӯ ва ба шаҳрвандон тавсия дод, […]

Мавзуна Абдуллоева



Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилзода зимни нишасти хабарии имрӯза сабаби ба ҷойи майдончаҳо барои бозиву сайругашти кӯдакон ва бевосита дар наздикии манзилҳои зисти дигар қомат афрохтани биноҳои нав дар пойтахти кишварро шарҳ дод.

«Афзоиши шумори аҳолии шаҳрро мебояд ба инобат гирифт», – иброз дошт ӯ ва ба шаҳрвандон тавсия дод, ки кӯдакони худро барои бозӣ ба марказҳои фароғатии «Ҷуманҷи» ва «Лимпопо» баранд.

«Аҳолии ҷумҳурӣ 8 млн. нафар буда, ин рақам ҳамасола ба миқдори 200 ҳазор нафар меафзояд. Мо бояд чӣ кор кунем? Маҷбурем, ки дар макони бозиҳову майдонҳои варзишӣ манзилҳо бунёд кунем», – таъкид дошт А.Комилзода.

Ба гуфтаи ӯ, имсол нархи манзили зист ба таври назаррас поин рафта, барои 1 метри мураббаъ 600-700 доллари ИМА-ро ташкил дод. «Агар соли 2013 дар қисмати марказии пойтахт арзиши 1 метри мураббаъи манзил 800 доллари ИМА-ро ташкил медод, пас айни замон он то 600 доллари ИМА поин рафтааст», – гуфт Комилзода ва сабаби коҳиши нарх ба манзилро ба буҳрони иқтисодӣ нисбат дод. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.