Ф.Воҳидова: Санҷиши донистани забони давлатӣ таҳқир аст

Адвокат Файзинисо Воҳидова, ки аз рӯйхати Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон номзад ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шуда буд, аз иштирок дар маъракаи интихоботи парлумонӣ даст кашид. Файзинисо Воҳидова ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ номзадии худро бозпас мегирад, зеро бар ин назар аст, ки ба фаъолияти адвокатӣ машғул шуда, ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Адвокат Файзинисо Воҳидова, ки аз рӯйхати Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон номзад ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шуда буд, аз иштирок дар маъракаи интихоботи парлумонӣ даст кашид.

Файзинисо Воҳидова ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ номзадии худро бозпас мегирад, зеро бар ин назар аст, ки ба фаъолияти адвокатӣ машғул шуда, ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бештар нафъ меорад.

«Имрӯз парлумони мо як ниҳоди шахшуда (догма) аст. Барои ман он ҷо ҳеҷ коре нест. Барои чӣ ман он ҷо панҷ сол нишаста, танҳо тугма пахш намоям? Ман чунин мешуморам, ки аз ба курсӣ нишаста, ба чизе машғул набудан, ҳамчун адвокат бештар нафъам ба ҷомеаи шаҳрвандӣ мерасад», – гуфт Воҳидова.

Ҳамчунин адвокат қайд кард, ки ҷорӣ шудани санҷиши донистани забони давлатӣ барои номзадҳо ба вакилӣ дар парлумон таҳқири намояндагони мардумӣ аст, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

«Вақте ҳуҷҷатҳо қабул мешаванд, ишора шудааст, ки миллати шахс «тоҷик» буда, дар Тоҷикистон таҳсил ва кор мекунад, ки дар он ҳамаи ҳуҷҷатгузорӣ бо забони тоҷикӣ роҳандозӣ шудааст», – зикр кард Ф.Воҳидова.

Ӯ инро як таҳқир шуморида, аз ин рӯ, номзадии худро бозпас гирифтааст. «Агар пештар мегуфтанд, ки парлумон як баталйони интизомӣ (муҷозотӣ) аст, пас имсол ман мушоҳида мекунам, ки тамоми шахсони нодаркори аз мансабҳо барои иҷро накардани ӯҳдадориҳояшон  сабукдӯшшударо ба парлумон мефиристанд», – афзуд адвокат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.