Баҳси доманадор дар парлумон доир ба ҳисобот дар бораи дастовардҳои илми тоҷик

Имрӯз вакилони парлумон лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз ҷониби як гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ» дар таҳрири навро ҷонибдорӣ намуданд. Яке аз муаллифони лоиҳаи нави қонун, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар муқоиса бо қонуни қаблӣ дар ин лоиҳа тартиби аз ҷониби […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз вакилони парлумон лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз ҷониби як гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ» дар таҳрири навро ҷонибдорӣ намуданд.

Яке аз муаллифони лоиҳаи нави қонун, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар муқоиса бо қонуни қаблӣ дар ин лоиҳа тартиби аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудани унвонҳои илмӣ, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар ба он ноил гардидаанд, пешбинӣ шудааст. «Мо мутмаинем, ки лоиҳаи нави қонун дар самти рақобати носолими илмӣ садди боэътимод гузошта, монеъаҳо дар масъалаи таҳқиқоти илмимро бартараф месозад», – гуфт Раҳимӣ.

Ба қавли вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Лутуфулло Саидмуродов, ҳукумати Тоҷикистон сол то сол ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи илми ватаниро афзуда, агар соли гузашта барои рушди илм ҳудуди 362 млн. сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас соли 2020 ин ҳаҷм то ба 600 млн. сомонӣ мерасад.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов қайд кард, ки ба ҳукумат таҳия намудани механизми бозгашти олимони тоҷик зарур аст, ки имрӯз қариб дар саросари ҷаҳон фаъолият доранд.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии худ аз президенти Академияи илмҳо даъват намуд, ки илмро ба хизмати сиёсат вогузор накарда, сиёсатро илмӣ созанд.

Дар посух ба ин ишораи Кабирӣ президенти Акадамеияи илмҳои ҷумҳурӣ ба номбар кардани дастовардҳои илмии кишвар дар соли гузашта оғоз кард. «Соли гузашта Академияи илмҳои ҶТ беш аз 4,5 млн. сомонӣ маблағ кор карда, мо беш аз 1 ҳазору 200 гузоришҳои илмӣ таҳия намудем», – қайд кард Раҳимӣ.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита изҳор намуд, ки 4 млн. сомонӣ маблағ дар як сол магар ҳамин ҳам дастовард аст? «Ин шармандагии илми тоҷик аст! Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон Академияи илмҳо вуҷуд надорад, озмоишгоҳҳои илмӣ амал мекунанд, ки барои 1 патент то 500-600 млн. доллари ИМА ба даст оварда метавонанд», – зикр кард Зуҳуров.

Ба қавли раиси палатаи поёнии парлумон, аз ҳазорҳо гузоришҳои илмии олимони тоҷик аҳолии кишвар огаҳ нест, зеро онҳо шавқовару мароқангез нестанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.