– Мақомоти шаҳрдории Душанбе ҳамеша ҷонибдори воқеиятнигорӣ ва эроду танқидҳои созанда, ки беғараз, дар заминаи касбият бо таҳлилҳои амиқу бозгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидаанд, ҳаст ва хоҳад монд, аммо дар дигар ҳолат, табиатан, ҳарзагӯиҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад, – гуфта мешавад
дар посухи шаҳрдории пойтахт
дар робита ба изҳороти раиси Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ Асадулло Раҳмонов.
Дар посух зикр мегардад, ки шаҳрдорӣ дилхоҳ баҳсро, ки аз доираи тафоҳум берун аст, дар қазовати мақомоти судӣ мегузорад ва «оне, ки раиси Кумитаи телевизион ва радио афзудааст: «беғаразии моро мурофиаҳои додгоҳӣ низ бо шаҳрдории Душанбе собит кард», хандаовар аст».
«Аҳли ҷомеа огаҳанд, ки тибқи ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансур аз 23 июли соли 2012 Кумитаи телевизион ва радио ва Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон уҳдадор карда шуданд, ки «ҷиҳати аз байн бурдани вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳо вобаста ба барқарор кардани шаъну шараф ва эътибори корӣ расман тавассути барномаи «Ахбор»-и Шабакаи якуми телевизион оиди гузориши нодурусти мухбир Абдулваҳҳоби Абдусаттор дар муҳлати на дертар аз як моҳи баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд раддия изҳор намуда, аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе узр пурсад. То имрӯз эътирозҳои Кумита оид ба ин масъаларо зинаҳои дигари судӣ дастгирӣ накарданд ва Кумита то ҳол қарори судро иҷро накарда, узр напурсидааст», – омадааст дар посухи мақомоти шаҳрдории пойтахт.
Ёдрас мекунем, ки чад рӯз қабл раиси Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ Асадулло Раҳмон дар робита ба пахши барномаҳо дар телевизион оид ба мушкилоти роҳҳои мошингард дар пойтахт
изҳор намуда буд,
ки ин далели бадномкунии фаъолияти мақомоти шаҳрдорӣ ва раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев набуда, ҳадаф танҳо ишора крадан ба камбудиҳо дар пойтахти кишвар аст.



