Соли 2014 Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон 567 ҳолати риоя нашудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ошкор намуд.
Сухангӯи кумита оид ба корҳои дин Афшини Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки афроди муқаррароти ин қонунро риоянакарда соли гузашта дар маҷмӯъ ба маблағи 1 млн. 939 ҳазору 920 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра дар вилояти Хатлон 161 ҳолат, Суғд – 209 ҳолат, ВМКБ – 12 ва навоҳии тобеи марказ – 104 ҳолати риоя нашудани қонуни мазкур сабт шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки соли 2014 Кумита боз 61 ҳолатҳои дигари қонуншиканиҳоро ошкор кардааст, ки тибқи он масъулияти маъмурӣ пешбинӣ шудааст.



