Пас аз бемории начандон тӯлонӣ собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Суҳроб Шарифов дар синни 52-солагӣ аз олам даргузашт.
Шарифов Суҳроб Ибронович 18-уми апрели соли 1963 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав, факултаи фалсафа. Доктори улуми сиёсӣ. Солҳои 1988-1990 – омӯзгори фалсафа дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон; солҳои 1990-1993 – унвонҷуӣ факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав. Номзади улуми фалсафа. Солҳои 1993-1998 – корманди илмии факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав.
Солҳои 1998-2001 – мудири шуъбаи Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ ва солҳои 2005-2011 – директори ин марказ. Тайи се соли ахир вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ буд.
Ҳайати кормандони «Азия-Плюс» ба наздикони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил металабанд.



