Такроран пешбарӣ шудани номзадии 18 вакили ҳозираи парлумон ба интихобот

Аз 63 нафар вакилони даъвати ҳозираи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 18 нафарашон ният доранд, ки дар парлумони оянда низ соҳиби ваколати намояндаи мардумӣ гарданд. Аз КМИР Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ намояндагони ҲХДТ – Низом Қосим, Хайриниссо Юсуфӣ, Бибидавлат Афзалшоева, Олимҷон Сафаров ва […]

Аваз Юлдошев



Аз 63 нафар вакилони даъвати ҳозираи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 18 нафарашон ният доранд, ки дар парлумони оянда низ соҳиби ваколати намояндаи мардумӣ гарданд.

Аз КМИР Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ намояндагони ҲХДТ – Низом Қосим, Хайриниссо Юсуфӣ, Бибидавлат Афзалшоева, Олимҷон Сафаров ва Дилшод Исматуллоев, Ҳизби коммунист – Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков, Ҳизби аграрӣ – Зайниддин Сафаров ва ҲНИТ – Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ такроран номзад ба вакилӣ пешбарӣ шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ вакилони даъвати кунунӣ – раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров, вакилон Олим Салимзода, Шарофиддин Сироҷов, Маҳмадалӣ Ватанов, Суҳроб Шарипов, Бадриддин Садриддинов, Акрамшо Фелалиев ва Нурулло Оқилзода номзад ба вакилӣ дар парлумони оянда пешниҳод шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.