Интиқоди нахуствазир аз ҷараёни корҳои азнавсозии роҳи Душанбе-Турсунзода

Ахири ҳафтаи сипаришуда нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон шинос шуд. Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир сифати иҷрои корҳо дар баъзе қитъахои роҳро мавриди интиқоди шадид қарор дода, аз шахсони масъул талаб кард, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ин […]

Аваз Юлдошев



Ахири ҳафтаи сипаришуда нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон шинос шуд.

Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир сифати иҷрои корҳо дар баъзе қитъахои роҳро мавриди интиқоди шадид қарор дода, аз шахсони масъул талаб кард, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ин камбудиҳоро бартараф созанд.

Қоҳир Расулзода ба роҳбарони корхонаҳои машғули амалисозии лоиҳаи мазкур ҷиҳати анҷоми корҳои таъмиру азнавсозии роҳ ва мавриди истифода қарор додани иншоот аввали моҳи июни соли ҷорӣ дастур супоришҳои мушаххас дод.

Нахуствазир таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллии ҳокимяити давлатии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринавро ба бунёди иншооти зербинову ёридиҳанда дар тӯли роҳ ҷалб намуд.

Ахири моҳи декабри соли гузашта иттилоъ дода будем, ки f

малисозии қисмати якуми лоиҳа бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистон дар арафаи анҷомёбӣ буда,




татбиқи




марҳилаи дуюми лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон

аввали соли равон

оғоз мегардад.

Ёдрас мекунем, ки 7-уми ноябри соли 2011 бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти Бонки осиёгии рушд Сиаою Жао маросими расмии оғози таҷдиду бозсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон баргузор шуда буд. Масофаи умумии роҳ 61,5 километр аст.

Паймонкори кулли лоиҳа ширкати «Чайна роуд»-и Чин аст. Барои таъмиру азнавсозии роҳи мазкур дар маҷмӯъ 131,3 млн. доллари ИМа ҷудо гардид, ки 120 млн. доллари ИМА – бурси БОР ва 11,3 млн. – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. Қисмати якум – таҷдиди роҳ бо масофаи 4,6 км аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ва қисмати дуюм бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистонро дарбар мегирад.

Пас аз таҷдид қисмати роҳ аз Душанбе то Турсунзода чорхатта ва бари роҳ 25 метр мешавад. Қисмати роҳи аз Турсунзода то марзи Ӯзбекистон духатта ва бараш 15 метр хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.