Конфронси матбуотии нозирони ДИДҲБ/САҲА

Ба муносибати оғози расмии ҳайати нозирони интихобот аз ҷониби Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА)) ҷиҳати назорат намудани интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки дар санаи 1-уми март баргузор мешавад, ҳайати нозирон рӯзи сешанбе (дар шаҳри Душанбе) конфронси матбуотӣ доир хоҳанд кард. Тавре аз Дафтари САҲА дар ҶТ иттилоъ доданд, […]

ASIA-Plus



Ба муносибати оғози расмии ҳайати нозирони интихобот аз ҷониби Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА)) ҷиҳати назорат намудани интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки дар санаи 1-уми март баргузор мешавад, ҳайати нозирон рӯзи сешанбе (дар шаҳри Душанбе) конфронси матбуотӣ доир хоҳанд кард.

Тавре аз Дафтари САҲА дар ҶТ иттилоъ доданд, Миколос Ҳарасзти, Сарвари ҳайати нозирони интихоботии ДИДҲБ/САҲА нақши ҳайат ва фаъолиятҳои минбаъдаро муаррифӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, барои иштирок дар конфронси матбуотӣ, рӯзноманигорон рӯзи сешанбе, 20-уми январ соати 11:00 ба меҳмонхонаи Ҳаят Риҷенсӣ воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ  26/1, ш.Душанбе даъват мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.