«Вавилон-Мобайл» мурофиаи суди алайҳи Кумитаи андозро бохт

Зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода изҳор намуд, ки баҳси судӣ миёни Кумита ва оператори алоқаи мобилии «Вавилон-Мобайл» ба нафъи Кумитаи андоз ҳаллу фасл шудааст. «Мо аз рӯйи ин парванда ҳалномаи судро дар даст дорем ва бояд онро ба иҷро расонем», – иброз дошт Давлатзода. Тибқи ҳалномаи суд, ширкат […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода изҳор намуд, ки баҳси судӣ миёни Кумита ва оператори алоқаи мобилии «Вавилон-Мобайл» ба нафъи Кумитаи андоз ҳаллу фасл шудааст.

«Мо аз рӯйи ин парванда ҳалномаи судро дар даст дорем ва бояд онро ба иҷро расонем», – иброз дошт Давлатзода.

Тибқи ҳалномаи суд, ширкат ба буҷет бояд ҳудуди 350 млн. сомонӣ маблағ пардохт кунад ва интизор меравад, ки ин маблағ аз ҷониби ширкат давра ба давра пардохт хоҳад шуд.

Давлатзода зикр кард, ки ба 75%-и саҳмияҳои «Вавилон-Мобайл» ширкати «Хайтроник» молик аст, ки дар минтақаи оффшории ҷазираҳои бритониёии Вирҷиния сабти ном гардида, асли баромадаш аз Русия аст.

Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи андоз таъкид дошт, ки баҳси судӣ миёни Кумита ва ду ширкати дигари операторони алоқаи мобилӣ – «Билайн» ва «Мегафон»

қисман ба нафъи ширкатҳо

ҳал шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.