Қарзи «Барқи тоҷик» аз андоз 135,5 млн. сомониро ташкил медиҳад

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода изҳор намуд, ки бақияи қарзҳо аз андоз дар Тоҷикистон ба санаи 1-уми декабри соли 2014 ҳудуди 585 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи раиси Кумита, аз пардохти андоз ширкати «Барқи тоҷик» аз ҳама бештар қарздор аст, ки мабалғи қарзи он ба ин сана […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода изҳор намуд, ки бақияи қарзҳо аз андоз дар Тоҷикистон ба санаи 1-уми декабри соли 2014 ҳудуди 585 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи раиси Кумита, аз пардохти андоз ширкати «Барқи тоҷик» аз ҳама бештар қарздор аст, ки мабалғи қарзи он ба ин сана 135,5 млн. сомониро ташкил дода, бақияи қарзҳои солҳои пешинро низ дар бар мегирад.

«ҶСК «Сангтӯда-1» – 26,1 млн. сомонӣ, ҶСК «Ресандаи Қӯрғонтеппа» – 14,2 млн. сомонӣ, КВД «Алюминсохтмон» – 6,8 млн. сомонӣ, ҶСК «Лаъл» – 6,3 млн. сомонӣ, КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» – 4,3 млн. сомонӣ ва КМ «Тоҷиказот» – 4,2 сомонӣ аз пардохти андоз қарздоранд», – гуфт ӯ.

Н.Давлатзода таъкид дошт, ки соли гузашта аз ҷониби мақомоти андоз ба маблағи умумии ҳудуди 390 млн. сомонӣ беш аз 2,3 ҳазор қарорҳои рӯёнидани андоз бо тартиботи ғайрисудӣ (маҷбурӣ) қабул шуда, ба ин васила ба буҷети давлатӣ қариб 245 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки аз нишондиҳандаи соли гузашта ба миқдори 78 млн. сомонӣ бештар аст.

«Соли гузашта нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар боҷҳо 2,8% барзиёд иҷро шуда, ба ҷойи 6 млрд. 923,5 млн. сомонии пешбинишуда, ба буҷети давлатӣ (бо назардошти андози ғайрибуҷетии иҷтимоӣ) 7 млрд. 117,1 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шуд», – афзуд ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.