ФБД оид ба хатсайри Тошканд – Душанбе огоҳинома нагирифтааст

Директори Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Рустам Холиқов имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки дар робита ба дубора аз сар гирифтани парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе, ФБД ва ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» огоҳиномаи расмӣ нагирифтаанд. «Ман ҳам дар низоми хатсайрҳои ҳавоии санаи 29-уми марти ширкати ҳавопаймоии UZ Airways таҳти рақами HY 783  парвоз […]

Меҳрангез Турсунзода



Директори Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Рустам Холиқов имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки дар робита ба дубора аз сар гирифтани парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе, ФБД ва ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» огоҳиномаи расмӣ нагирифтаанд.

«Ман ҳам дар низоми хатсайрҳои ҳавоии санаи 29-уми марти ширкати ҳавопаймоии UZ Airways таҳти рақами HY 783  парвоз бо ҳавопаймои навъи «Airbus A320» бо хатсайри Тошканд – Душанбе ва парвози ҳавопаймо бозгашт ба Тошкандро дидам, аммо сохторҳои дахлдор дар бораи оғози парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр огоҳинома нагирифта, фурӯши билетҳо ҳам оғоз нашудааст», – гуфт ӯ.

Холиқов ҳамчунин гуфт, барои анҷоми расмиёти оғози парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Тошканд – Душанбе ва баръакс қариб се ҳафта муҳлат зарур аст, вале алҳол дар бораи ифтитоҳи ин хатсайр ҳеҷ маълумоте мо дар даст надоранд. «Агар ин кор ба воситаи Вазорати корҳои хориҷӣ ҳал шуда бошад ҳам, мо то ҳол хабардор нестем», – афзуд номбурда.

Сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ӯ ҳам аз ин маълумот огаҳӣ надорад. «Гузашта аз ин, гуфтаниам, ки ба журналистон дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон чизе нагуфтаам ва тамоми маълумоти чанд рӯз қабл интишоршуда бо такя ба гуфтаҳои ман, ба ман тааллуқ надоранд. Ин хабари хуб аст ва агар мо чунин маълумот медоштем, ба шумо хабар медодем», – қайд кард Атоев.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда васоити ахбори умум иттилоъ доданд, ки ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» («Uzbekistan Airways») аз 29-уми март ба роҳандозии

парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе

оғоз мекунад.

Шахсони расмӣ алҳол ин хабарро ба ҳеҷ гунае шарҳ надодаанд, вале рӯзи 

12-уми январи соли равон 

«Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе, баҳри баланд бардоштан ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳо кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.