Такроран пешбарӣ шудани номзадии 18 вакили ҳозираи парлумон ба интихобот



Аз 63 нафар вакилони даъвати ҳозираи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 18 нафарашон ният доранд, ки дар парлумони оянда низ соҳиби ваколати намояндаи мардумӣ гарданд.

Аз КМИР Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ намояндагони ҲХДТ – Низом Қосим, Хайриниссо Юсуфӣ, Бибидавлат Афзалшоева, Олимҷон Сафаров ва Дилшод Исматуллоев, Ҳизби коммунист – Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков, Ҳизби аграрӣ – Зайниддин Сафаров ва ҲНИТ – Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ такроран номзад ба вакилӣ пешбарӣ шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ вакилони даъвати кунунӣ – раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров, вакилон Олим Салимзода, Шарофиддин Сироҷов, Маҳмадалӣ Ватанов, Суҳроб Шарипов, Бадриддин Садриддинов, Акрамшо Фелалиев ва Нурулло Оқилзода номзад ба вакилӣ дар парлумони оянда пешниҳод шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное