Раиси парлумон Суҳроб Шарифовро сиёсатмадори миқёси ҷаҳонӣ номид



Дар ҷамъомади видоъ бо сиёсатмадор ва олим Суҳроб Шарифов, ки имрӯз дар Душанбе назди манзилаш баргузор шуд, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров аз номи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хешону наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуд.

«Имрӯз Тоҷикистон бо фарзандаи арзандаи худ, ки метавон ӯро сиёсатмадори миқёси ҷаҳонӣ номид, худоҳофизӣ мекунад», – қайд кард Зуҳуров.

Ш.Зуҳуров зикр кард, ки давоми зиёда аз се соли кор дар парлумон, Суҳроб Шарифов дар самти қонунофарӣ, соҳаи муносибатҳои байнулмилалӣ ва дигар бахшҳо фаъолона саҳмгузорӣ намуда, миёни ҳамтоёнаш аз обрӯву нуфузи хосса бархӯрдор буд.

Пас аз ҷамъомад дар масҷиди маҳаллӣ ҷанозаи марҳум хонда шуда, ҷасади ӯ дар оромгоҳи совхози Варзоб дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное