Раиси парлумон Суҳроб Шарифовро сиёсатмадори миқёси ҷаҳонӣ номид

Дар ҷамъомади видоъ бо сиёсатмадор ва олим Суҳроб Шарифов, ки имрӯз дар Душанбе назди манзилаш баргузор шуд, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров аз номи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хешону наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуд. «Имрӯз Тоҷикистон бо фарзандаи арзандаи худ, ки метавон ӯро сиёсатмадори миқёси ҷаҳонӣ номид, худоҳофизӣ мекунад», – қайд кард […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷамъомади видоъ бо сиёсатмадор ва олим Суҳроб Шарифов, ки имрӯз дар Душанбе назди манзилаш баргузор шуд, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров аз номи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хешону наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуд.

«Имрӯз Тоҷикистон бо фарзандаи арзандаи худ, ки метавон ӯро сиёсатмадори миқёси ҷаҳонӣ номид, худоҳофизӣ мекунад», – қайд кард Зуҳуров.

Ш.Зуҳуров зикр кард, ки давоми зиёда аз се соли кор дар парлумон, Суҳроб Шарифов дар самти қонунофарӣ, соҳаи муносибатҳои байнулмилалӣ ва дигар бахшҳо фаъолона саҳмгузорӣ намуда, миёни ҳамтоёнаш аз обрӯву нуфузи хосса бархӯрдор буд.

Пас аз ҷамъомад дар масҷиди маҳаллӣ ҷанозаи марҳум хонда шуда, ҷасади ӯ дар оромгоҳи совхози Варзоб дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.