Ба ивази Суҳроб Шарифов ҲХДТ номзади нав пешбарӣ карда наметавонад

Ба ивази сиёсатмадор ва олими варзида Суҳроб Шарифов, ки рӯзи 19-уми декабр аз олам даргузашт, Ҳизби халқии демократии тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Шоҳмансури пойтахт номзади нав ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ карда наметавонад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, мутобиқи қонунгузории интихоботии кишвар, пас аз […]

Аваз Юлдошев



Ба ивази сиёсатмадор ва олими варзида Суҳроб Шарифов, ки рӯзи 19-уми декабр аз олам даргузашт, Ҳизби халқии демократии тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Шоҳмансури пойтахт номзади нав ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ карда наметавонад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, мутобиқи қонунгузории интихоботии кишвар, пас аз анҷоми расмии маъракаи пешбарии номзадҳо, ки санаи 14-уми январ ба итмом расид, дигар пешбарии номзадҳои нав манъ аст.

Ёдрас мекунем, ки Суҳроб Шарифовро санаи 10-уми январи соли ҷорӣ ҲХДТ аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури шаҳри Душанбе номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ намуд. Дар даъвати ҳозираи парлумон низ ӯ ҳамин ҳавзаро намояндагӣ мекард.

Санаи 13-уми январ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури пойтахт хатмкардаи Донишгоҳи байнулмилалии Теҳрон ва факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, духтари муасиси ҲНИТ Саид Абуллои Нурӣ, сиёсатшинос Руқия Саидова (Руқия Нурӣ)-ро номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ки аз ҳавзаи якмандатии интихоботии мазкур Ҳизби демократи Тоҷикистон яке аз фаъолони ҳизб, журналист Аҳмадшоҳи Комилзодаро номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешбарӣ кардааст.

Дар робита ба даргузашти Суҳроб Шарифов, номзади ҲНИТ Руқия Нурӣ тариқи хадамоти матбуоти ҲНИТ

изҳор доштааст

, ки аз даргузашти чнин рақиби арзанда мутаассиф аст.

«Ино лиллоҳ ва ино илайҳи роҷиъун. Аз Худованди бузург ба наздикони Суҳроб Шарифов сабри ҷамил мехоҳам. Воқеан Шарифов як марди зиёд муҳтарам ва донишманду рӯшанфикр буд. Банда ин бародарро дар мизи гирду семинарҳое, ки дар манотиқи мухталиф мешуду вохӯриҳо мекардем, шахсияти ишонро дар он ҷо дарёфтам.

Вақте ки ӯро ҳамчун номзад ба вакили МН аз ҷониби Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ман ҳам чун вакил аз ҲНИТ аз рақибии ӯ нороҳат нашудам. Балки хурсанд шудам, ки ин бародар дар паҳлӯи мо аст, чунки як бародари зиёд муҳтарам буд. Мехостам дар ин вохӯриҳое, ки гузаронида мешуд аз наздик вохӯрда, бисёр барномаҳои дигарро таҷриба мекардем.

Ман воқеан хушҳол будам, ки дар паҳлӯи эшон ин маъракаи сиёсиро мегузаронам, вале афсус мехӯрам, ки имрӯз бародар дар паҳлӯи мо нест», – иброз доштааст Руқия Нурӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.