Сокини Суғд ҳамсарашро бо милтиқи шикорӣ парронд

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Насимҷон Ҷӯраеви 45-сола ба гумони даст доштан дар ҷинояти куштор боздошт шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, Н.Ҷӯраев пеш бо моддаи 135 Кодекси ҷиноятии ҶТ (таҳрири соли 1961) суд шудааст. Гуфта мешавад, номбурда шоми санаи 19-уми январ дар хонаи […]

ASIA-Plus



Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Насимҷон Ҷӯраеви 45-сола ба гумони даст доштан дар ҷинояти куштор боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, Н.Ҷӯраев пеш бо моддаи 135 Кодекси ҷиноятии ҶТ (таҳрири соли 1961) суд шудааст.

Гуфта мешавад, номбурда шоми санаи 19-уми январ дар хонаи истиқоматиаш ба собиқ ҳамсараш Назира Ҷӯраеваи 42-сола, сокини шаҳри Қайроққум бо истифодаи силоҳи шикории тамғаи “ИЖ”, ки бо худ ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, ба рӯяш 2-маротиба тир холӣ кардааст, ки дар натиҷа шаҳрванд Ҷӯраева Н.А., ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.