Оғози сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ ва нозирони байнулмилалӣ дар КМИР

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз, 20-уми январ ба сабти расмии номзадҳои пешбаришуда ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон оғоз мекунад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз сабти расмии номзадҳои тибқи рӯйхати ҳизбӣ пешбаришудаи Ҳизби демократ, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз […]

Аваз Юлдошев



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз, 20-уми январ ба сабти расмии номзадҳои пешбаришуда ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон оғоз мекунад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз сабти расмии номзадҳои тибқи рӯйхати ҳизбӣ пешбаришудаи Ҳизби демократ, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ дар назар аст.

Хотиррасон шуд, ки ба рӯйхати  ҲДТ – таҳти роҳбарии раиси ҳизб Саидҷаъфар Исмонов 4 нафар, ҲСТ – таҳти роҳбарии раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров – 6 нафар ва ҲИИТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Олимҷон Бобоев – 6 нафар номзадҳо пешбарӣ шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз дар КМИР сабти расмии

28 нафар ҳайати нозирони

байнулмилалии Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА), ки аллакай дар шаҳри Душанбе қарор доранд, низ пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.