Се даъват вакили парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ Мағфират Додобоева 70-сола шуд

Дар қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини раиси вилояти Суғд Хайрулло Амонулло бахшида ба 70-солагии собиқадори меҳнат яке аз пешқадамони истеҳсолоти даврони шӯравӣ, ходими намоёни ҳизбӣ Мағфират Дадобоева ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд дар ин робита зикр мегардад, ки Мағфират Дадобоева давоми фаъолияти […]

ASIA-Plus



Дар қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини раиси вилояти Суғд Хайрулло Амонулло бахшида ба 70-солагии собиқадори меҳнат яке аз пешқадамони истеҳсолоти даврони шӯравӣ, ходими намоёни ҳизбӣ Мағфират Дадобоева ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд дар ин робита зикр мегардад, ки Мағфират Дадобоева давоми фаъолияти зиёда аз 40 солаи худ дар комбинати шоҳибофии шаҳри Хучанд  тавонист аз коргари оддӣ то ба дараҷаи намояндаи халқ дар мақоми қонунгузори Иттиҳоди Шӯравӣ (се карат вакили Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ), ходими ҳизбӣ, зани фаъол ва устоди чандин шахсони арзандаи диёр гардад. Соҳибҷашн баробари фаъолияти меҳнатӣ ва шахси ҷамъиятӣ будан, модари мушфики панҷ фарзанд аст. Ин ва дигар хислатҳои наҷиби соҳибҷашн, нақшу корнамоии ӯ дар истифодаи таҷрибаи пекадам, зиндагиномааш чун соҳибхоназан ва оиладорӣ дар суханони табрикии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зикр гардид.

Гуфта мешавад, маҳз ба фаъолияти Махфират Дадобоева чун депутати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ бунёди Қасри фарҳанги «Абрешимчӣ», ки имрӯз номи Қасри фарҳанги ба номи А. Рӯдакиро дорад, таъсиси филиали донишкадаи политехникӣ дар маркази вилоят иртибот дорад ва аз ҷумлаи амалҳоянд,ки номи соҳибҷашнро дар таърих сабт намудааст, қайд намуданд ҳамкорон ва ҳамсафони ин зани номдор.

Ҳамчунин дар назди ҳозирон доир ба ҳаёту фаъолияти Мағфират Дадобоева котиби якуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Коммунисти вилояти Суғд Абдуҷаббор Ахмедов, собиқадори меҳнат Биҳоҷал Раҳимова, Мавҷуда Бобоева ва дигарон сухан гуфтанд.

Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандон Саидқодир Ёқубов, Носирҷон Раҳимов таронаҳои дилангез иҷро гардида, дар интиҳо соҳибҷашн Мағфират Дадобоева ба давлату хукумат барои қадрдонӣ ва этибор изҳори сипосмандӣ намуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.