Раиси пойтахт муовинонашро назди мардум сафарбар кард

Рӯзи 19-уми январ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати навбатии кории мақомоти шаҳрдориро доир намуд, ки дар он масъалаҳои амалисозии барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар пойтахт дар соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо назардошти ҷалби имконоти сокинони шаҳр ба идоракунии соҳаҳо, сарфаи вақт ва пешгирӣ аз нуфузёбии […]

ASIA-Plus



Рӯзи 19-уми январ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати навбатии кории мақомоти шаҳрдориро доир намуд, ки дар он масъалаҳои амалисозии барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар пойтахт дар соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо назардошти ҷалби имконоти сокинони шаҳр ба идоракунии соҳаҳо, сарфаи вақт ва пешгирӣ аз нуфузёбии тамоюлҳои бюрократӣ дар баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, раиси пойтахт ба муовинони худ, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳо дастур дод, ки шурӯъ аз 20-уми январ ҳамарӯза аз соати 6-и субҳ то 12-и рӯз аз маҳаллаҳои шаҳр боздид намуда, бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронанд ва дар маҳалҳо барои рафъи мушкилоту норасоиҳо чораҷӯӣ намоянд.

Мувофиқи супориши раиси пойтахт, шурӯъ аз 20-уми январ баррасии ҳуҷҷатҳои истеҳсолию қабули шаҳрвандон дар дастгоҳҳои раиси шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамарӯза  баъд аз соати 15 роҳандозӣ карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.