Арзи сипоси раиси ноҳияи Рашт ба вазири корҳои дохилӣ

Раиси тозатаъини ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқов ба вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода барои мусоидати кормандони Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт дар ҷамъоварии андозҳо дар ноҳия изҳори сипос намуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар номаи раиси ноҳия ба унвони вазир дар ин робита зикр мегардад, ки бо кӯшиши кормандони шуъбаи […]

ASIA-Plus



Раиси тозатаъини ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқов ба вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода барои мусоидати кормандони Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт дар ҷамъоварии андозҳо дар ноҳия изҳори сипос намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар номаи раиси ноҳия ба унвони вазир дар ин робита зикр мегардад, ки бо кӯшиши кормандони шуъбаи БДА дар минтақа зиёда аз 600 адад воситаҳои нақлиётие, ки тӯли чанд соли охир маблағи андози онҳо пардохт нашуда буданд, ошкор ва андозбандӣ карда шуданд.

«Дар натиҷа нақшаи солонаи андоз аз воситаҳои нақлиёт ба ҷои 890 ҳазор сомонӣ, ба маблағи 1 млн. 73 ҳазору 459 сомонӣ ё ба андозаи 120,6% иҷро гардид», – омадааст дар нома.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.