Коҳиши назарраси содироти алюминий дар соли гузашта

Соли гузашта аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 234 млн. доллари ИМА ҳамагӣ каме бештар аз 125 ҳазор алюминий содирот шуд. Бино ба маълумоти вазорату идораҳои дахлдори бахши иқтисоди кишвар, соли 2014 ҳаҷми содироти алюминий ба хориҷи кишвар дар муқоиса бо соли 2013 аз рӯи ҳаҷм 37,2% ва аз рӯи арзиш 36,8% камтар […]

Пайрав Чоршанбиев



Соли гузашта аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 234 млн. доллари ИМА ҳамагӣ каме бештар аз 125 ҳазор алюминий содирот шуд.

Бино ба маълумоти вазорату идораҳои дахлдори бахши иқтисоди кишвар, соли 2014 ҳаҷми содироти алюминий ба хориҷи кишвар дар муқоиса бо соли 2013 аз рӯи ҳаҷм 37,2% ва аз рӯи арзиш 36,8% камтар шудааст.

Соли 2013 низ ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) дар муқоиса бо соли 2012 аз рӯи ҳаҷм 25% ва аз рӯи арзиш 30% коҳиш ёфта, 200 ҳазор тонна ба маблағи умумии 370 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки 197 ҳазор тоннааш ба хориҷи кишвар содирот шуд. Соли 2012 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 536 млн. доллари ИМА 265 ҳазор тонна алюминий содирот карда буд.

Соли гузашта алюминии Тоҷикистон асосан ба Туркия ва дар ҳаҷми начандон зиёд ба Эрон, Русия ва Чин содирот карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли гузашта раҳбарияти Ширкати алюминии тоҷик аз ҳукумати кишвар дархост намуда буд, ки бинобар сабаби «таъсири манфии буҳрони молии ҷаҳонӣ», ба ширкат кумаки молиявӣ расонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.