Воридоти қариб 295 ҳазор тонна гази моеъ ба Тоҷикистон дар соли гузашта

Соли гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 180 млн. доллари ИМА қариб 295 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми воридоти ин навъи сӯзишворӣ соли гузашта аз рӯйи ҳаҷм тақрибан 13% ва аз рӯи арзиш – 10,5% афзудаааст. Соли 2013 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 162 млн. […]

ASIA-Plus



Соли гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 180 млн. доллари ИМА қариб 295 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми воридоти ин навъи сӯзишворӣ соли гузашта аз рӯйи ҳаҷм тақрибан 13% ва аз рӯи арзиш – 10,5% афзудаааст. Соли 2013 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 162 млн. доллари ИМА дар маҷмӯъ 261 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардида буд.

Қобили зикр аст, ки ин навъи сӯзишвориро Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон (78% аз ҳаҷми умумӣ) ва ҳамчунин аз Русияву Туркманистон, Қирғизистон ва Латвия низ ворид мекунад.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, айни замон тақрибан 45%-и нақлиёти автомобилии кишвар бинобар сабаби гаронии бензин, ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории Тоҷикистон айни замон гази моеъ беш аз ду маротиба арзонтар нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) фурӯхта мешавад.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.