Сокини шаҳри Қайроққум Раҳматҷон Турдиеви 20-сола ҳангоми моҳидорӣ дар обанбори Қайроққум ғарқ шуда, ҷасади ӯро гурӯҳи фаврии ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷустуҷӯ доранд.
Котиби матбуотии Кумита Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сокини дигар ин шаҳр Илҳомҷон Домуллоҷонови 17-сола, ки ҳамроҳи ғарқшуда ба моҳидорӣ машғул буд, наҷот дода шуда, дар бемористон бистарӣ шудааст. «Соли ҷорӣ ин ҳодисаи аввали ғарқшавӣ ва ҳалокати шаҳрвандон дар кишвар аст», – гуфт номбурда.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар даъват мекунад, ки бо назардошти обуҳавои номусоид, ҳангоми моҳидорӣ ва сайругашт дар роҳу пайраҳаҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.



