Тасдиқи созишнома миёни кишварҳои СҲШ оид ба боркашонии автомобилӣ

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишнома миёни кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар бораи фароҳам сохтани шароити мусоид барои боркашонии байнулмилалии автомобилиро тасдиқ намуд. Ба гуфтаи муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода, масъалаи таҳияи механизмҳои амалисозии созишномаи мазкур муддати 10 сол аз ҷониби коршиносони СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. «Дар созишнома таъмини […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишнома миёни кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар бораи фароҳам сохтани шароити мусоид барои боркашонии байнулмилалии автомобилиро тасдиқ намуд.

Ба гуфтаи муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода, масъалаи таҳияи механизмҳои амалисозии созишномаи мазкур муддати 10 сол аз ҷониби коршиносони СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

«Дар созишнома таъмини устувории транзити борҳо тариқи қаламрави кишварҳои узви СҲШ, соддакунии бақайдгирӣ, дастрасии раводид ва иштироки кишварҳо дар бунёди зербинои нақлиётӣ дар қаламрави дигар давлатҳои узви созмон дар назар буда, ҳамчнуин хатсайри ҳамлу нақли бор тавассути нақлиёти автомбилӣ аз Чин ба Тоҷикистон бо роҳи мошингарди Урумчӣ – Душанбе  муайян карда шудааст», – қайд кард муовини аввали вазири нақлиёт.

Зимнан зикр гардид, ки дар созишнома ҳамчунин озод кардани иштирокчиёни он аз пардохти андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилгард низ пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.