Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои тозатаъини Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, афзун шудани хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои олами муосир онҳоро ба омодасозии босифати […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои тозатаъини Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, афзун шудани хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои олами муосир онҳоро ба омодасозии босифати кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангию касбии воҳидҳои низомӣ ва кормандон ва дар маҷмӯъ ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуд.

Тавре зикр гардид, Файзалӣ Шарифзода сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Аҳлиддин Маҷидов сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа таъин гардидаанд. Баҳром Шарифзода сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъин шуд.

Ҳамчунин роҳбарони коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ва литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа ва сардорони як қатор раёсату дигар сохторҳои ин ду вазорат, командирони як зумра қисмҳои ҳарбӣ ва сардори отряди сарҳадии Хоруғи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иваз карда шуданд.

Гуфта мешавад, аксари кадрҳои ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъингардида мутахассисони ҷавону корозмуда ва дар айни ҳол хатмкардагони муассисаҳои олии таълимоти ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.