Ду сокини Қӯрғонтеппа дар ҷанги Сурия иштирок доранд

Ду сокини шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд. Дар ин бора и.в раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, сабаби гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ камии роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва норасоии ҷойҳои корӣ низ мебошад. «Мо байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ кам мегузаронем ва ба хотири пешгирии гаравиши […]

Сайраҳмон Назриев



Ду сокини шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд. Дар ин бора и.в раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ камии роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва норасоии ҷойҳои корӣ низ мебошад.

«Мо байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ кам мегузаронем ва ба хотири пешгирии гаравиши онҳо дар ин самт дар ҳамдастӣ кор кардан зарураст. Бо ҷавонон вохӯрию суҳбатҳоро бештар намоем ва ташвиқу тарғиби қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро бештар намоем», – гуфт ӯ.

Амирулло Асадулло ҳамчунин қайд кард, ки тайи ҳафт моҳи фаъолият бо шаҳрвандон мулоқоту сӯҳбатҳои зиёде сурат гирифта, имрӯз натиҷаи он дар коҳиши қонунвайронкуниҳо аз тарафи наврасону ноболиғон ба мушоҳида мерасад.

Бояд гуфт, ки қаблан прокуратураи вилояти Хатлон хабар дода буд, ки як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Муродалӣ Барфиев дар ҷангҳои Украина ширкат намуда, ба ҳалокат расидааст ва ҷасади ӯ ба Қӯрғонтеппа интиқол ёфтааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.