Барои тамошои паёми президент аҳолӣ «аз лимит барзиёд» бо барқ таъмин мешавад

Ширкати «Барқи тоҷик» аз соати 10 то 12-и рӯзи 23-юми январ интиқоли мунтазами нерӯи барқ ба саросари кишварро таъмин мекунад. Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин иқдом ба ироаи паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон, ки маҳз дар ҳамин фосилаи вақт сурат мегирад, марбут аст. […]

Аваз Юлдошев



Ширкати «Барқи тоҷик» аз соати 10 то 12-и рӯзи 23-юми январ интиқоли мунтазами нерӯи барқ ба саросари кишварро таъмин мекунад.

Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин иқдом ба ироаи паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон, ки маҳз дар ҳамин фосилаи вақт сурат мегирад, марбут аст.

«Паёми президент ба парлумон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад ва аҳолӣ онро бояд таври мустақим аз телевизион тамошо кунад», – қайд кард Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, аз соати 20 то 22-и шоми 23-юми январ тамоми шабакаҳои давлатии телевизиони ҷумҳурӣ такроран ироаи паёми президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба парлумонро намоиш медиҳанд, ки дар ин вақт минтақаҳо нерӯи барқро тибқи лимити муқарраршуда дастрас мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки тамоми шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон рӯзи 23-юми январ аз соати 10 маросими ироаи паёми президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба парлумонро мустақиман намоиш медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки дар маҷлисгоҳи бузурги Маҷлиси Олии ҶТ соати 9-и субҳи рӯзи 23-юми январ иҷлосияи ҳаштуми муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад. Пас аз маросими ифтитоҳи расмии иҷлосия таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров, вакилон ба маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» раҳсипор мешавад, ки дар он ҷо сарвари давлат паёми худро ироа мекунад.

Кормандони тамоми корхонаву муассисаҳои давлатӣ ироаи паёми президенти Тоҷикистонро маъмулан мустақим тариқи телевизиону радио тамошову гӯш мекунанд.

Дар паёми ҳамасолаи худ президент оид ба масъалаҳои сиёсату дохиливу хориҷии кишвар, роҳу воситаҳои рушди иқтисоду фарҳанг, беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум ва ҳаёти ҷомеа изҳори назар мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.