Тағйироти кадрӣ дар мақомоти шаҳрдории Хуҷанд

Дар ҳайати роҳбарикунандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тағироти кадрӣ ба амал омад.  Тавре сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд иттилоъ медиҳад, бинобар ба кори дигар гузаштан муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд Дадоҷон Абдуллоев ва Маҳмадӣ Давлатов аз вазифа озод карда шуданд.  Дар маҷлиси кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони шаҳри […]

ASIA-Plus



Дар ҳайати роҳбарикунандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тағироти кадрӣ ба амал омад. 






Тавре сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд иттилоъ медиҳад, бинобар ба кори дигар гузаштан муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд Дадоҷон Абдуллоев ва Маҳмадӣ Давлатов аз вазифа озод карда шуданд. 




Дар маҷлиси кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони шаҳри Хуҷанд, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода гузашт, мудири шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Абдумавлон Дадобоев иттилоъ дод, ки дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи19 январи соли равон Маъруф Тӯхтабоевич Мамадҷонов ва Мирзомуқим Очилзода барои ишғоли вазифаи муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд ризогӣ дода шудааст. Дар ҳамин замина бо қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода шахсони номбурда ба вазифаи муовинони Раиси шаҳри Хучанд таъин гардиданд. 




Раҷаббой Аҳмадзода ба Маъруф Мамадҷонов ва Мирзомуқим Очилзода барои кор орзу намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ҳар кадоми дар соҳаи худ фаъолияти пурсамар намуда баҳри амалишавии тамоми дастуру супоришҳои давлату ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. 




Дар баробари ин Раиси шаҳри Хуҷанд маълумот дод, ки минбаъд тибқи тақсимоти вазифавӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт, саноат ва энергетика ба салоҳияти муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов вогузор шуда, ба салоҳияти муовини Раиси шаҳр Мирзомуқим Очилзода иловатан назорати соҳаҳои хоҷагию коммуналӣ, ободонӣ ва кумитаҳои маҳаллаҳо ворид карда шудааст. Сохторҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ минбаъд фаъолияти худро бо муовини Раиси шаҳр Умеда Муродова ҳамоҳанг хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.