Сабзавоту меваи Тоҷикистон асосан ба Қазоқистон содирот мешаванд

Соли гузашта қисмати зиёди сабзавоту мева ва маҳсулоти полезии Тоҷикистон ба Қазоқистон содирот шуд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2014 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ ҳудуди 180 ҳазор тонна сабзавоту мева ва маҳсулоти полезӣ интиқол дода шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2013 ба андозаи 21% камтар аст. […]

Пайрав Чоршанбиев



Соли гузашта қисмати зиёди сабзавоту мева ва маҳсулоти полезии Тоҷикистон ба Қазоқистон содирот шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2014 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ ҳудуди 180 ҳазор тонна сабзавоту мева ва маҳсулоти полезӣ интиқол дода шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2013 ба андозаи 21% камтар аст. Соли 2013 ин нишондиҳанда ба 227 ҳазор тонна баробар буд.

Гуфта мешавад, аз ҳаҷми умуми ин навъи маҳсулоти кишоварзии содиротшуда дар соли гузашта ҳудуди 77%-аш ба Қазоқистон рост меояд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин навъи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ соли 2014 ҳамчунин ба миқдори начандон зиёд ба Покистон, Туркманистон, Ироқ, Афғонистон, Туркия, Белорус, Украина, Чин, Эрон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Олмон, Латвия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳо низ содирот шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2014 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар асосан хушкмева (ҳудуди 80 ҳазор тонна) ва бехпиёз (қариб 76 ҳазор тонна) интиқол дода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.