Сабти расмии 40 номзади навбатӣ дар КМИР

Дар ҷаласаи имрӯзаи КМИР Тоҷикистон масъалаи сабти расмии номзадҳои тибқи рӯйхати ҳизбии ҲХДТ ва Ҳизби аграрӣ пешбаришуда аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додозода хабар дод. Ӯ хотиррасон намуд, ки рӯйхати ҲХДТ аз 27 нафар номзадҳо таҳти сарварии ёвари президент оид ба масоили кадрҳо Абдуҷаббор […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи имрӯзаи КМИР Тоҷикистон масъалаи сабти расмии номзадҳои тибқи рӯйхати ҳизбии ҲХДТ ва Ҳизби аграрӣ пешбаришуда аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додозода хабар дод.

Ӯ хотиррасон намуд, ки рӯйхати ҲХДТ аз 27 нафар номзадҳо таҳти сарварии ёвари президент оид ба масоили кадрҳо Абдуҷаббор Азизӣ ва рӯйхати Ҳизби аграрӣ аз 13 нафар номзадҳо бо роҳбарии раиси ҳизб Рустам Латифзода иборат аст.

Додозода зикр кард, ки чанде қабл нимаи дуюми дирӯз дар КМИР рӯйхатҳои ҳизбии ҲДТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Саидҷаъфар Исмонов иборат аз 4 нафар номзадҳо, ҲСТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров иборат аз 6 нафар номзадҳо ва ҲИИТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Олимҷон Бобоев иборат аз 6 нафар номзадҳо расман ба қайд гирифта шуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.