Ҳимояти муҳоҷирони тоҷики Маскав аз Паёмбари Ислом

Дар ҷамъомади бузурге, ки аз ҷониби маркази фарҳанги «Нур» ва иттиҳодияи Собрание» дар шаҳри Маскав созмон дода шуд, муҳоҷирони кории тоҷики муқими Маскав нисбати интишори карикатураҳо ба Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) аз ҷониби маҷаллаи фаронсавии «Шарлӣ Эбдо» шадидан эътироз карданд. Бино ба маълумоти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, дар ин ҷамъомад кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар […]

ASIA-Plus



Дар ҷамъомади бузурге, ки аз ҷониби маркази фарҳанги «Нур» ва иттиҳодияи Собрание» дар шаҳри Маскав созмон дода шуд, муҳоҷирони кории тоҷики муқими Маскав нисбати интишори карикатураҳо ба Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) аз ҷониби маҷаллаи фаронсавии «Шарлӣ Эбдо» шадидан эътироз карданд.

Бино ба маълумоти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, дар ин ҷамъомад кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ва намояндагони диаспораҳои тоҷикон ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, ба ҷуз маҳкум кардани амалҳои таҳқири муқаддасоти ислом аз ҷониби баъзе нерӯҳои тундгарои Ғарб, иштирокдорони ҷамъомад ҳамчунин масъалаҳои марбут ба риояи тартиботу муқаррароти будубош дар қаламрави Русияро низ баррасӣ карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.