Сатҳи дониши донишҷӯёни тариқи маркази тестӣ дохилшуда нисбатан баланд аст

Сатҳи дониши донишҷӯёни тариқи маркази тестӣ дохилшуда нисбатан баланд аст. Муҳаммад Шодиён, ректори Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа  зимни нишасти матбуотии рӯзи 20-уми январ дар ин робита иброз дошт, ки сатҳи дониши донишҷӯёне, ки имсол тариқи Маркази тестии назди Президенти кишвар дохил шудаанд нисбатан хуб аст ва онҳоро қонеъ мекунад. «Дар санҷишҳои нимсола […]

Сайраҳмон Назриев



Сатҳи дониши донишҷӯёни тариқи маркази тестӣ дохилшуда нисбатан баланд аст.

Муҳаммад Шодиён, ректори Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа  зимни нишасти матбуотии рӯзи 20-уми январ дар ин робита иброз дошт, ки сатҳи дониши донишҷӯёне, ки имсол тариқи Маркази тестии назди Президенти кишвар дохил шудаанд нисбатан хуб аст ва онҳоро қонеъ мекунад.

«Дар санҷишҳои нимсола донишҷӯёни курси аввал ба пуррагӣ санҷишу имтиҳонҳояшонро супориданд ва ягон нафари онҳо қарздор нашуданд.  Ин нимсола мо ягон нафар донишҷӯи курси аввалро барои саривақт насупоридани санҷишу имтиҳон аз донишгоҳ хориҷ накардем. Ин худ аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи дониши ин донишҷӯён хуб аст»,- илова кард ректори донишгоҳ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.