Мулоқоти раиси ҲНИТ бо ректори Донишгоҳи исломии Чеченистон

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН бо Абдураҳим Мутушев, ректори Донишгоҳи исломии Чеченистон ба номи “Канта-ҳоҷӣ” мулоқот карда, масоили марбут ба вазъи минтақа ва ифротгароиро баҳсу баррасӣ карданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ин мулоқот рӯзи 19-уми январи соли 2015 баъди ширкат дар роҳпаймоии бузург барои ҳимоят аз Паёмбари Ислом […]

ASIA-Plus



Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН бо Абдураҳим Мутушев, ректори Донишгоҳи исломии Чеченистон ба номи “Канта-ҳоҷӣ” мулоқот карда, масоили марбут ба вазъи минтақа ва ифротгароиро баҳсу баррасӣ карданд.


Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ин мулоқот рӯзи 19-уми январи соли 2015 баъди ширкат дар роҳпаймоии бузург барои ҳимоят аз Паёмбари Ислом (с) дар бинои донишгоҳ дар шаҳри Грозний анҷом ёфт.

Дар ин мулоқот Муҳиддин Кабириро Ҷамбулат Умаров, вакили парлумон ва раиси кумита оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарлумонии парлумони Чеченистон ҳамроҳӣ кард.

Ректори Донишгоҳи исломии Чеченистон роҳбари Наҳзатро ба вазъи донишгоҳ ва манҳаҷи дарсии он ошно сохт. Муҳиддин Кабирӣ дар навбати худ аз вазъи минтақа ва мубориза ба ифротгароӣ суҳбат кард.

Баъди вохурӣ бо ректори донишгоҳ, роҳбари Наҳзат ва вакили МН бо муҳоҷирини тоҷики муқими Қавқоз дар яке аз толорҳои Донишгоҳи исломии Чеченистон мулоқот карда, роҳбари Наҳзат дар бораи вазъи кишвар, омодагии ҲНИТ ба интихоботи парлумонӣ ва ғайра суҳбат кард.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Муҳиддин Кабирӣ бо даъвати расмии мақомоти Ҷумҳурии Чеченистони Русия барои ширкат дар роҳпаймоӣ алайҳи ифротгароӣ ва барои ҳимоят аз Паёмбари Ислом (с) дар шаҳри Грозний, рӯзи 18-уми январ вориди Чеченистон шуд.

Зимни роҳпаймоӣ, Муҳиддин Кабирӣ бо Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон низ мулоқот кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.