Боздиди ҳайати нозирони САҲА аз КМИР Тоҷикистон

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Шермуҳаммадаи Шоҳиён имрӯз ҳайати нозирони Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) дар интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ атрофи омодагӣ ба интихобот, иҷрои тавсияҳои […]

Аваз Юлдошев



Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Шермуҳаммадаи Шоҳиён имрӯз ҳайати нозирони Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) дар интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ атрофи омодагӣ ба интихобот, иҷрои тавсияҳои ДИДҲБ/САҲА, таҳия ва қабули дастурҳо, баргузории семинарҳои омӯзишӣ, таъсиси ҳавза ва қитъаҳои интихоботӣ, комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъавӣ ва ҳамчунин ҷараёни сабти расмии номзадҳо тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ табодули назар сурат гирифт.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки бо мақсади таъмини фаъолияти муташаккил ва пурсамари нозирони байнулмилалӣ, КМИР бо назардошти талаботи санадҳои байнулмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда, Дастурамал «Дар бораи иштироки нозирони миллӣ ва байнулмилалӣ дар интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо»-ро таҳия ва тасдиқ намудааст, ки дар он тартиби даъват ва сабти нозирон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо муайн карда шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки комиссияҳои интихоботӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ба мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати таъмини фаъолияти муташаккил ва пурсамари нозирони байнулмилалӣ омодаанд.

Хотиррасон шуд, ки бо қарори КМИР Тоҷикистон, санаи 20-уми январ 28 нафар нозирони ДИДҲБ/САҲА ба қайд гирифта шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.