Ҳабси як ҷавонзани ёвонӣ барои аз озодӣ маҳрум кардани ҳамсолаш

Санаи 20-уми январ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Ёвон Миҷгона Латиповаи 26-сола ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ва азобу шиканҷа додан дастгир гардид. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, муайян карда шудааст, ки дастгиршуда рӯзи 16-уми январи соли ҷорӣ аз ҳиссиёти хусумати шахсӣ бо мақсади азоби ҷисмонӣ расонидан ва ғайриқонунӣ […]

ASIA-Plus



Санаи 20-уми январ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Ёвон Миҷгона Латиповаи 26-сола ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ва азобу шиканҷа додан дастгир гардид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, муайян карда шудааст, ки дастгиршуда рӯзи 16-уми январи соли ҷорӣ аз ҳиссиёти хусумати шахсӣ бо мақсади азоби ҷисмонӣ расонидан ва ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани ҳамдиёраш Шабнам Юсуфоваи 26-сола ӯро ба хонаи истиқоматиаш оварда лут кӯб намудааст.

«Сипас бо қайчӣ мӯйи сар ва бо алмос қошҳои ӯро тарошида, боз бо қайчӣ лаб ва бинии ӯро бурида, муддати зиёда аз 3-4 соат озори рӯҳӣ ва ҷисмонӣ расонидааст. Баъди ин, ҷабрдидаро ба хонаи сокини ҳамин ноҳия Гулдаста Саидоваи 32-сола бурда, бо роҳи зӯроварӣ зиёда аз 2 шабонарӯз ӯро аз озодӣ маҳрум сохтаанд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, гумонбаршудагон сабаби ин ҳодисаро дар дуздӣ намудани 100-сомонӣ аз ҷониби ҷабрдида Шабнам Юсуфова маънидод намуда, хостаанд ӯро мустақиман ҷазо диҳанд. «Пас аз 2-шабонарӯз, яъне 18-уми январ, шаҳрванд Юсуфова Ш. бо дахолати кормандони ШВКД дар ноҳияи Ёвон озод карда шуд», – қайд мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур мутобиқи моддаҳои 117 қисми 2 банди “д” ва 131-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ ғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.