Собиқадорони ҶБВ дар Суғд бо кумакпулӣ таъмин мешаванд

Тибқи қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, аз 1 январи соли 2015 ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаҳои ҷанговарони дар ин набардҳо ҳалокгардида ва қадршиносиву дастгирии иҷтимоии онҳо ба муносибати 70-солагии Иди Ғалаба дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945 […]

ASIA-Plus



Тибқи қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, аз 1 январи соли 2015 ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаҳои ҷанговарони дар ин набардҳо ҳалокгардида ва қадршиносиву дастгирии иҷтимоии онҳо ба муносибати 70-солагии Иди Ғалаба дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945 ҳар моҳ ба андозаи 100 сомонӣ кумакпулӣ пардохт мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, соли 2014 тибқи қарори раиси вилоят «Дар бораи таҷлили ҷашни 69-солагии Ғалаба дар ҶБВ» дар қаламрави вилоят як зумра корҳо ба анҷом расонда шуданд. Ба муносибати ҷашни Ғалаба намояндагони ҳукумати ҶТ ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони саробонашон дар ҷанг ҳалокгардида аз номи президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кумакпулии яквақта ба маблағи 1000 сомонӣ дастрас намуданд.

Гуфта мешавад, онҳо тибқи қарори раиси вилояти Суғд ба маблағи 500 сомонӣ, ба заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг 400 сомонӣ, ҳамагӣ 634 нафар ниёзмандон ба маблағи 284 ҳазор сомонӣ, ҳамчунин аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят низ аз 150 то 300 сомонӣ кумакпулии яквақтаро соҳиб шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар вилоят айни ҳол 265 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, 13 нафар ҳамсарони бесаробонмонда, 862 нафар шахсони дар давраи ҶБВ дар ақибгоҳ меҳнатнамудаи бо ордену медалҳо сарфарозгардида, 298 нафар маъюбони бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил, 100 нафар маъюбони интернатсионалист, 104 нафар маъбони сохти конститутсионӣ, 293 нафар маъюбони артиши Шӯравӣ зиндагӣ доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.