Боздошти тоҷики гумонбар ба терроризм дар Қундуз

Дар музофоати Қундузи Афғонистон як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳамлаҳои террористӣ дар ин кишвар иштирок карданӣ будааст, боздошт шуд. Хабаргузории «Хома» бо истинод ба маълумоти кормандони шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили Вазорати умури дохилии Афғонистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванди Тоҷикистон Шероз Умаров чанде қабл аз Покистон барои содир намудани амалҳои террористӣ ба […]

Аҳлиддин Салимов



Дар музофоати Қундузи Афғонистон як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳамлаҳои террористӣ дар ин кишвар иштирок карданӣ будааст, боздошт шуд.

Хабаргузории «Хома» бо истинод ба маълумоти кормандони шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили Вазорати умури дохилии Афғонистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванди Тоҷикистон Шероз Умаров чанде қабл аз Покистон барои содир намудани амалҳои террористӣ ба Афғонистон омадааст.

Бино ба маълумоти ВКД Афғонистон, Шероз Умаров муддати 4 моҳ дар Вазиристон (музофоти шимолии Покистон) омодагии ҳарбӣ гирифта, ҷиҳати анҷоми амалҳои тахрибкориву террористӣ ба музофоти Қундуз сафарбар мегардад, аммо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳабс гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ин далели нахусти боздошти тоҷикистониён дар хориҷи кишвар барои амалҳои террористӣ нест. Чанд рӯз қабл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар ин робита изҳор намуд, ки танҳо дар даргириҳои Сурия беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд.

Тибқи маълумоти васоити ахбори умуми Афғонистон, айни замон ҳудуди 30 нафар тоҷикон дар амалҳои террористӣ дар музофоти Қундузи ин кишвар иштирок доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.