Интиқоли 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ аз Русия

Мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015 ба мувофиқа расиданд. Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



Мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015 ба мувофиқа расиданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.

«Ба панҷ ширкати русиягӣ дастур дода шудааст, ки интиқоли ҳаҷми маҳсулоти нафтии дархостшудаи Тоҷикистон дар соли равонро таъмин намоянд ва мо ният дорем, ки имсол ин ҳаҷми зикршуда, яъне 830 ҳазор тоннаро дастрас кунем», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи вазир, соли гузашта тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ 576 ҳазор тонна аз ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.

Усмонзода таъкид намуд, ки бинобар сабаби афзоиши талаботи кишвар ба истифодаи гази моеъ, бо Русия ҳамчунин оид ба зиёд кардани ҳаҷми интиқоли ин навъи сӯзишворӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон низ тавофуқ ҳосил шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, айни замон тақрибан 50%-и нақлиёти автомобилии кишвар бинобар сабаби гаронии бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка), ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории Тоҷикистон айни замон гази моеъ беш аз ду маротиба арзонтар нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ фурӯхта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.