Эмомалӣ Раҳмон: Мо бояд ба эътимоди мардум сазовор бошем

– Масъалаҳои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, таъмини амният ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаро мардуми Тоҷикистон ба дӯши мо вогузор кардааст ва мо бояд ба ин боварӣ сазовор бошем, – иброз дошт имрӯз зимни ироаи паёми худ ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат қайд кард, ки соли гузаштаро ҳукумати Тоҷикистон бо […]

Аваз Юлдошев



– Масъалаҳои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, таъмини амният ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаро мардуми Тоҷикистон ба дӯши мо вогузор кардааст ва мо бояд ба ин боварӣ сазовор бошем, – иброз дошт имрӯз зимни ироаи паёми худ ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат қайд кард, ки соли гузаштаро ҳукумати Тоҷикистон бо дастовардҳои назаррас сипарӣ карда, дар кишвар суръати устувори рушд ба қайд гирифта шуд. «Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли гузашта 45,6 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиши он 6,7%-ро ташкил дод», – гуфт президент.

Ӯ зикр кард, ки соли гузашта даромадҳои пулии аҳолӣ 23,8 млрд. сомониро ташкил дода, пасандозҳои пулии аҳолӣ дар бонкхо 21% афзуданд. «Соли 2014 дар Тоҷикистон 250 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ фароҳам оварда шуданд, ки ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат кард», – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба гуфтаи сарвари давлат, соли 2014 сатҳи афзоиши аҳолии кишвар 2,5% ва давомнокии ҳаёт ба ҳисоби миёна 73,4 солро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2000-ум 5 сол зиёдтар аст.

«Нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии кишвар дар соли гузашта 102% ба иҷро расида, ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон тамоили коҳишро касб кард ва соли гузашта 22,8% аз ҳаҷми умумии ММД-ро ташкил дод», – афзуд президенти мамлакат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.