Барқияи тасаллияти Э.Раҳмон ба подшоҳи нави Арабистони Саудӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вафоти подшоҳи Арабистони Саудӣ  Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд ба подшоҳи нави ин кишвар Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки марҳум Подшоҳ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вафоти подшоҳи Арабистони Саудӣ  Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд ба подшоҳи нави ин кишвар Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки марҳум Подшоҳ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд дар назди Уммат хидматҳои бузургеро адо намуда буд ва дар масоили тақдирсози он ҳамеша мавқеъи қотеъ дошт.

«Мо бо ибрози самимонатарин ҳамдардӣ ва изҳори тасаллият бо ин талафоти гарон ба Шумо ва мардуми бародари Мамлакати Арабистони Саудӣ бо роҳбарии Шумо чун Подшоҳи он ва Ходими Ҳарамайни Шарифайн ба Парвардигори бузург дуо менамоем, ки ба ҳамаи мову Шумо ва оилаи подшоҳӣ сабру таҳаммул ато фармояд, марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун», – гуфта мешавад дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.