КМИР 336 нафар шахсони бовариноки аҳзоби сиёсиро расман ба қайд гирифт

Бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, ба санаи 23 январ 336 нафар шахсони бовариноки номзадҳо ба вакилӣ тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ расман ба қайд гирифта шуданд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҲНИТ – 135, ҲХДТ – 121, ҲАТ – […]

Аваз Юлдошев



Бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, ба санаи 23 январ 336 нафар шахсони бовариноки номзадҳо ба вакилӣ тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ расман ба қайд гирифта шуданд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҲНИТ – 135, ҲХДТ – 121, ҲАТ – 29, ҲКТ – 25, ҲСТ – 18 ва ҲИИТ – 18 нафар шахсони боваринок сабти ном шуданд. «Ҳизби демократ ба КМИР ягон шахси боваринок барои сабти расмиро пешниҳод накард», – иброз дошт номбурда.

Хотиррасон шуд, ки барои бақайдгирии рӯйхати ҳизбӣ ва шахсони боваринок аз Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон

то 9-уми феврал

ҳоло муҳлат боқӣ мемонад.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл Шӯрои сиёсии ҲСДТ ба нишони эътироз ба ҳукми содиршуда нисбати адвокат Шуҳрат Қудратов, тасмим гирифт, ки муваққатан аз иштирок дар маъракаи интихоботи парлумонӣ даст мекашад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.