БРСММ: Дар Тоҷикистон сатҳи баланди камбизоатӣ ба мушоҳида мерасад

Дар кишварҳои Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ, ки иқтисодашон дар ҳоли гузариш қарор дорад, сатҳи нобаробарӣ ва камбизоатӣ афзоиш ёфта, дар аксари кишварҳои ин минтақаҳо давомнокии ҳаёти одамон нисбат ба сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ кам мешавад. Дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Арманистон аз чоряк то сеяки аҳолӣ дар шароити камбизоатии шадид зиндагӣ доранд. Дар ин бора Маркази […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар кишварҳои Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ, ки иқтисодашон дар ҳоли гузариш қарор дорад, сатҳи нобаробарӣ ва камбизоатӣ афзоиш ёфта, дар аксари кишварҳои ин минтақаҳо давомнокии ҳаёти одамон нисбат ба сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ кам мешавад. Дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Арманистон аз чоряк то сеяки аҳолӣ дар шароити камбизоатии шадид зиндагӣ доранд. Дар ин бора

Маркази иттилооти СММ

бо истинод ба гузориши таҳқиқотии аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милат Муттаҳид (БРСММ) омодашуда иттилоъ медиҳад.

«Таърихан дар давраи пасошӯравӣ дар ин кишварҳо тақсимоти нисбатан баробари даромадҳо, дастрасии васеъ ба низоми таъминоти иҷтимоӣ ва сатҳи пасти нобаробарии гендерӣ боқӣ мондааст», – изҳор доштааст мушовири Маркази минтақавии Барномаи рушди СММ дар Истамбул Бен Слэй.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз аломатҳои аз даст додани ин афзалиятҳо нигаронкунанда буда, мушкилоти нобаробарӣ хусусиятҳоеро касб мекунанд, ки дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи дигар минтақаҳо мавҷуданд.

Муаллифони гузориш таъкид месозанд, ки камбизоатӣ «мушкилоти ҷиддӣ дар кишварҳои на он қадр бойи собиқи шӯравӣ аст», аз ҷумла дар Гурҷистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон.

Коршиносон қайд мекунанд, ки адр кишварҳои минтақа ба истилоҳ «камбизоатони нав» пайдо шудаанд, ки камбизоатони машғул ба кор, аз ҷумла кормандони бахшҳои маориф, тандурустӣ, идлм ва фарҳанг ба қатори онҳо шомиланд ва хатари ба камбизоатӣ дучор гардидан барои аҳолии деҳот хеле зиёд аст.

Гуфта мешавад, давомнокии ҳаёти ҳам занону ҳам мардон дар минтақа коҳиш меёбад. Соли 1960 давомнокии ҳаёти мардон «дар кишварҳои ғарбии ИДМ» аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ 12 сол зиёдтар буда, соли 2012 аз ин сатҳ аллакай ду сол камтарро ташкил дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.